Тоҷикистон боҷҳо барои автомашинаҳо ва автобусҳо аз Ӯзбекистонро, ки тариқи транзит аз қаламрави Тоҷикистон мегузаранд, бекор кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар дод.
Қарори дахлдори ҳукумат дар ин бора аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 8 августи соли равон ба имзо расида буд.
Қаблан мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2007, барои транзити воситаҳои нақлиёт аз Ӯзбекистон тариқи қалаирави Тоҷикистон боҷи якдафъаина дар ҳаҷми 180 доллар ситонида мешуд.
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон мутмаинанд, ки бекор шудани боҷ барои автомашинаҳои сабукрав ва автобусҳо ба афзоиши шумори сайёҳон ва муомилоти молу маҳсулот байни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар партави муносибатҳои душвор байни давлатҳо қаблан равуои нақлиёт маҳдуд буд. Хатсайрҳои мунтазами автобусҳо ҳанӯз солҳои 90-ум қатъ гардида буданд. Пас аз сари мансаб омадани президенти нави ин кишвар Шавкат Мирзиёев вазъ дар ин самт бакуллӣ тағйир ёфт.
Аввали соли 2018 ҷонибҳо дар бораи барқарор кардани равуои автобусҳо бо хатсайрҳои мунтазам тавофуқ ҳосил карданд. Автобуси нахустин бо хатсайри Тошканд – Хуҷанд – Тошканд санаи 15 май ба роҳ баромад. Байни давлатҳо алоқаи ҳавоӣ ва равуои қатораҳо низ барқарор шуд.
Пас аз анҷоми сафарҳои расмӣ сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи шарикии стратегӣ, равуои бераводид ва барқарор кардани фаъолияти ҳамаи гузаргоҳҳо дар сарҳад созишнома ба имзо расониданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста