Намояндагии дипломатии Покистон дар Тоҷикистон ният дорад, ки ояндаи наздик ҷиҳати роҳандозии робитаҳои корӣ байни тоҷирони ҳарду кишвар, дар Душанбе мизи гирд ташкил намояд.
Котиби тиҷоратии сафорати Покистон дар Душанбе Рашид Имтиёз бо чунин пешниҳод ба раҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) муроҷиат кардааст.
Дипломати покистонӣ пешниҳод кардааст, ки нимаи дуюми моҳи сентябр бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноати бофандагӣ ва коркарди пӯст дар Тоҷикистон мизи гирд баргузор шавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ПСС ҶТ.
“Чорабинӣ ба густариши робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон тариқи табодули маълумот дар бораи самтҳои фаъолияти корхонаҳо ва имконоти воридоту содирот баҳри афзоиши муомилоти мол байни кишварҳо, ҳамчунин минбаъд баргузор кардани намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти ин соҳаҳо мусоидат менамояд”, - қайд мешавад дар маълумоти Палата.
Ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Покистон дар соли гузашта наздики 42 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин қариб 25% камтар аст.
Имсол дар муомилоти мол байни кишварҳо афзоиши назаррас ба мушоҳида мерасад: давоми 7 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Покистон ба беш аз 45 млн. доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 баробар бештар аст.
Ҳиссаи назаррасро дар ҳаҷми муомилоти мол байни давлатҳо воридоти маҳсулот аз Покистон ба Тоҷикистон (наздики 40 млн. доллар) ташкил медиҳад. Ба содироти мол аз Тоҷикистон ба ин кишвар каме бештар аз 5 млн. доллар маблағ рост меояд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста