Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) таҳти сарварии роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал, ки бо мақсади баргузории музокирот оид ба роҳандозии Барномаи нави ХБА (Механизми васеи қарздиҳӣ (ECF)) бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 11 то 26 сентябри соли 2018 бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ Ҷамолиддин Нуралиев оид ба рушд ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон, рушди бахшҳои воқеӣ, монетарӣ ва молиявӣ дар солҳои 2017-2018, аз ҷумла сатҳи таваррум, унсурҳои пулӣ, нишондиҳандаҳои устувории молиявӣ маълумоти мушаххасро манзури ҳозирин гардонид.

Зимни суханронӣ Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи Ҳайати ХБА-ро инчунин ба вазъи кунунии бозори беруна ва дохилии асъор, омилҳои асосии ба он таъсиркунанда, тағйироти қурбӣ дар ду соли охир, рушд ва дурнамои интиқоли маблағҳои пулӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои сифатан нави молиявӣ ва тиҷоратӣ бо ҷумҳуриҳои Туркия ва Ӯзбекистон, татбиқи лоиҳаи НБО “Роғун” ва созишномаҳои бо он алоқаманд, талабот оид ба маблағгузории беруна дар солҳои минбаъда (2019-2021) ва нақши барориши евробондҳо, татбиқи минбаъдаи реҷаи ҳадафгирии таваррум ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ дар Тоҷикистон ҷалб намуд.

Падамжа Ханделвал
БМТ

Роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал дар навбати худ афзуд, ки Ҳайати намояндагии ХБА дар доираи сафари кории худ ҷиҳати омӯзиши барномаи ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор мулоқоти корӣ анҷом дода, баҳри тавсеа ёфтани ҳамкориҳо ва амалӣ намудани Барномаи Механизми васеи қарздиҳии ХБА (ECF) ба Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Дар ҷараёни вохӯрии судманд ҷонибҳо ҳамчунин, оид ба ислоҳоти cоҳаи бонкӣ дар самтҳои афзалиятноки сиёсати пулию қарзӣ бо гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, ҳалли мушкилоти бонкҳои низомсоз ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, дар доираи барномаи дастгирии ХБА табодули назар карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.