Давоми моҳҳои январ-августи соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 920 ҳазор тонна семент содирот шуд, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ.
Ҳаҷми содироти семент аз Тоҷикистон дар соли 2017 дар маҷмӯъ тақрибан 1 млн. тоннаро ташкил дод, яъне ҳаҷми моҳонаи содирот ба ҳисоби миёна дар соли гузашта ҳудуди 84 ҳазор тоннаро ташкил дод, имсол бошад, ин нишондиҳанда аллакай ба 115 ҳазор тонна расида, ҳамин тариқ, афзоиши содироти ин масолеҳи сохтмон қариб 37 фоизро ташкил медиҳад.
Тӯли 8 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон – ҳудуди 520 ҳазор тонна (20% аз ҳаҷми умумии содирот), Афғонистон – 340 ҳазор тонна ва Қирғизистон – 60 ҳазор тонна семент содирот шудааст.
Маҳсулоти худро корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин “Хуаксин Ғаюр семент” (32,6% аз ҳаҷми умумии содироти семент), “Хуаксин Ғаюр Суғд” (24,2%), “Ҷунгсай Моҳир семент” (38,5%), “Тоҷ Чайна” (2%) ба хориҷи кишвар бароварданд.
Айни замон 14 корхона ба истеҳсоли семент дар Тоҷикистон машғул буда, иқтидори умумии солонаи онҳо истеҳсоли 5 млн. тонна сементро ташкил медиҳад.
Дар баробари корхонаҳои дар боло зикршуда, ҳамчунин ҶСК “Сементи тоҷик” низ яке аз корхонаҳои асосии истеҳсоли ин навъи масолеҳи сохтмон маҳсуб меёбад, ки маҳсулоти ин корхона асосан дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун истифода мешавад.
Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои ҷумҳурӣ 2,5 млн. тонна семент истеҳсол шудааст. Соли гузашта дар ин корхонаҳо дар маҷмӯъ беш аз 3,1 млн. тонна семент истеҳсол шуда буд.
Тӯли солҳои охир Тоҷикистон тариқи бунёди корхонаҳои нави муштарак бо Чин ҳаҷми истеҳсоли сементро ба таври назаррас зиёд кард. Тайи 5 соли охир сармоягузорони Чин ба Тоҷикистон ҷиҳати қариб 10 маротиба афзудани ҳаҷми истеҳсоли ин навъи масолеҳи сохтмон кумак карданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста