Ба охири моҳи августи соли 2018 сатҳи захираи об дар обанбори Норак 910,45 метрро ташкил дода буд, - гуфта мешавад дар гузориши “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таҳия шудааст.
Ин нишондиҳандаи ҳадди ниҳоии захираи об дар обанбори Норак буда, аз сатҳи ҳадди ақал (857 метр), ки бо расидан ба он истифодабарии обанбор аз рӯи нишондиҳандаҳои техникӣ манъ мешавад, 53,45 метр баландтар аст.
Сатҳи маҷрои оби дарёи Вахш дар моҳи август ба ҳисоби миёна 1382 метри мукааб дар як сонияро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 6,4% камтар мебошад.
Моҳи сентябр сатҳи маҷрои об то 600 метри мукааб ва даҳаи аввали моҳи октябр – то 400 метри мукааб дар як сония поин рафта, сипас истифодаи захираҳои обии обанбор оғоз мегардад.
Дар ҳамин ҳол, қаблан зикр гардида буд, ки якчанд рӯз дар минтақаи Кӯлоб барқ нест: он субҳ аз соати 5 то 8 ва шом аз соати 17 то 24 интиқол меёбад.
Мутахассисони ширкати “Барқи тоҷик изҳор намуданд, ки ин ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) набуда, ба баргузории корҳои таъмиру навсозӣ тибқи нақша ҷиҳати омодагӣ ба мавсими зимистон вобаста аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста