Аз 1 ноябри соли равон барои истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ аҳолӣ ба ҷойи 16,85 дирами ҳозира 19,37 дирам маблағ пардохт мекунад.
Дар ин бора аз 25 сентябр қарори ҳукумат ба имзо расида, бо ин санад дастур дода мешавад, ки ба ҷуз КВД “Ширкати алюминии тоҷик”, ба ҳамаи дигар категорияҳои истеъмолгарон тарифҳои истифодаи барқ тасдиқ карда шавад.
Аз ҷумла пешниҳод мешавад, ки тарифҳои истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ 15% - аз 16,85 дирами ҳозира то ба 19,37 дирам барои 1 кВт/соат бо назардошти ААИ боло бурда шавад.

Тарифҳо барои истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ - 47,13 дирам, истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ - 19,37 дирам, пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ - 6,73 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 19,37 дирам (аз 1 октябр то 31 март) ва барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ - 6,73 дирамро ташкил медиҳад.
Тарифҳо барои истифодаи барқ дар дегҳо ва таҷҳизоти барқӣ бо мақсади таъмини биноҳо бо оби гарм ва гармӣ - 116,77 дирам барои 1 киловатт (барои соҳаи ғайрибуҷетӣ) ва 34,51 дирам (барои ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ), барои пойгоҳҳои обкашие, ки оби нӯшокӣ медиҳанд (ба истиснои пойгоҳҳои обкашии инфиродӣ) ва обу корез – 9,20 дирам муқаррар шудааст.
ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷикистон” бо категорияи алоҳида дар санад илова шуда, аз 1 ноябр барои 1 квт/соат нерӯи барқ 8,28 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 47,13 дирам (аз 1 октябр то 31 март) маблағ пардохт мекунад.
Дар бораи тарифҳои пардохти маблағи нерӯи барқ барои Ширкати алюминии тоҷик дар санад маълумот дода нашудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста