Имрӯз, 14 ноябр як гурӯҳи рӯзноманигорон субҳи барвақт ба майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” раҳсипор шуданд, то ки бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба маросими ба истифода додани агрегати аввали ин иншооти пуршукуҳ аз наздик шинос шаванд.
Маросими расмии мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳ санаи 16 ноябр дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Ба ин маросим намояндагони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла давлатҳои ҳамсарҳади иштирокчии лоиҳаи CASA-1000, созмонҳои байнулмилалӣ, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими кишвар ва журналистони васоити ахбори умумии хориҷии пешрафта даъват шудаанд.
Имрӯз дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун корҳои омодагӣ босуръат ҷараён доранд: агрегат аллакай аз реҷаи озмоишӣ гузашта, барои ба кор даровардан омода аст.
Ба қавли муҳандиси пешбари ҶСК “НБО Роғун” Саидшо Охунов, ҳаҷми оби захирашуда дар обанбори нерӯгоҳ кофист.
“Ҳаҷми об дар обанбор 214 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад, ки ин миқдор барои ба кор даровардани агрегати якуми нерӯгоҳ кофист”, - мегӯяд ӯ.
Бино ба гуфтаи Охунов, шурӯъ аз соли 2008 то имрӯз барои амалисозии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳудуди 12 млрд. сомонӣ маблағ харҷ шудааст.
Баландии сарбанд айни замон беш аз 75 метрро ташкил медиҳад, ки ба кори муътадили турбина имкон медиҳад. Баъди анҷоми пурраи сохтмони иншоот баландии сарбанд то ба 335 метр мерасад. Агрегати якум дар марҳилаи аввал 80-120 Мвт нерӯи барқ истеҳсол хоҳад кард.
Айни замон тибқи маълумоти Охунов, ба ҷуз ширкати итолиёвии “Салини Импеҷило”, ки ба бунёди сарбанди нерӯгоҳ машғул аст, дар иншоот боз зиёда аз 70 корхонаҳои фаръӣ – ширкатҳо аз Эрону Русия, Чин, Олмон ва дигар кишварҳо кор мекунанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста