Дар доираи ҳамкориҳо оид ба маблағгузории тиҷоратӣ бо Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ҶСП “Авввалин Бонки молиявии хурд” дар кори конфронси “Ӯзбекистон – Маблағгузории тиҷоратӣ 2018”, ки рӯзҳои 7-8 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, ширкат варзид.
Иштирок дар конфронси мазкур ба “Аввалин Бонки молиявии хурд” имкон дод, ки бо бонкҳои Ӯзбекистон ва дигар шарикони хориҷӣ ҳамкориҳоро баҳри пешбурди минбаъдаи маблағгузории тиҷоратӣ ва мусоидат ба муштариён-соҳибкорон ҷиҳати тиҷорати фаъол бо шарикони хориҷӣ ба роҳ монад, ки дар навбати худ ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат хоҳад кард.
Бонки аврупоии таҷдиду рушд тариқи маблағгузорӣ ва ташкили барномаҳои таълимӣ фаъолона рушди савдои байнулмилалиро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад. Мисоли барҷастаи ин гуфтаҳо ифтитоҳи хати нав барои ҶСП “Аввалин Бонки молиявии хурд” дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА дар чаҳорчӯби Барномаи мусоидат ба рушди савдо мебошад.
“Аввалин Бонки молиявии хурд бо кумаки шабакаи умумимиллии худ иборат аз 7 филиал ва 30 маркази хизматрасонии бонкӣ тамоми маҷмӯи хизматгузориҳои бонкиро пешниҳод менамояд. Ин шабака тамоми вилоятҳои Тоҷикистон, бо шумули ноҳияҳои дурдастро низ фаро мегирад.
Қобили зикр аст, ки “Аввалин Бонки молиявии хурд” аз соли 2007 муштарии Бонки аврупоии таҷдиду рушд маҳсуб ёфта, дар ин давра ба амалисозии лоиҳаҳои БАТР таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд ва дар барномаҳои гуногуни ин Бонки аврупоӣ муваффақона иштирок кард.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста