Бонки осиёгии рушд (БОР) грант дар ҳаҷми 35 млн. долларро баҳри барқарор намудани васли низоми энергетикии Тоҷикистон бо низоми энергетикии Осиёи Марказӣ (ОМ) тариқи барқарор кардани он бо низоми Узбекистон маъқул шуморид.
БОР тавассути барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) савдои нерӯи барқ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тавсеъаи содироти барқ аз минтақа ба Афғонистону Покистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
“Имзои созишнома дар бораи савдои нерӯи барқ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон моҳи марти соли равон ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки мавсими тобистон барқи барзиёдатиашро ба Ӯзбекистон интиқол дода, ба истифодаи пурсамари захираҳои энергетикии минтақа мусоидат намояд”, - гуфтааст мутахассиси бахши молияи БОР ҷаноби Юки Иноуэ. – Барқарор кардани пайвастшавӣ иқдоми муҳим дар таъмини кори ҳамоҳангшуда бо низоми энергетикии Ӯзбекистон ва минтақа аст”.
Дар доираи лоиҳаи БОР таъмиру навсозии таҷҳизоти ҳифзи табдили барқ (реле) барои мураттаб сохтани кори низоми энергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва васеъ кардани нуқтаҳои васл пешбинӣ шудааст, ки ба имконоти Тоҷикистон ҷиҳати кори устувори мутавозин таҳким мебахшад.
Гуфта мешавад, арзиши умумии амалисозии лоиҳа 40 млн. долларро ташкил дода, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон 5 млн. доллари ИМА аст. Анҷоми татбиқи лоиҳа соли 2022 дар назар аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста