Дар Тоҷикистон таъсис додани Маркази ягона барои хизматрасонии соҳибкорону сармоягузорон ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи таъсиси маркази мазкур дастгирии тиҷорат ва пешниҳоди хизматгузории хушсифат бо усули “равзанаи ягона” унвон мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, ҳафтаи гузашта таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита Нигина Анварӣ дар толори хурди Кумитаи дар мавзӯи ташкили “Маркази ягона барои хизматрасонии соҳибкорону сармоягузорон”, ки ҳадафи он муосирнамоии хизматрасониҳои давлатӣ мебошад, чаласа баргузор гардид.
Гуфта мешавад, чорабинии мазкур бо мақсади дар самти баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, муосиргардонии хизматрасонии давлатӣ оид ба гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, бақайдгирии амволи ғайриманқул, амалиёти содироту воридот ва транзит, ҷараёни роҳандозии хизматрасониҳои электронии давлатӣ, ба шакли электронӣ гузаронидани ҳуҷҷатгузорӣ ва муосиргардонии махзани маълумоти мақомоти танзими давлатӣ ташкил карда шуд.

Дар кори ҷаласа намояндагони Агентии омор, вазоратҳои корҳои дохилӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои андоз, ҳифзи муҳити зист, бехатарии озуқаворӣ, меъморӣ ва сохтмон, Хадамоти гумрук, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Тоҷикистон” ва дигар масъулон ҳузур доштанд.
Зимнан зикр мегардад, ки мақсад аз таъсиси Маркази ягона барои хизматрасонии соҳибкорону сармоягузорон дар фазои ягона муттамарказ намудани сохторҳои давлатии танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ буда, ҷузъи ҷудонашавандаи Ҳукумати электронӣ мебошад.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар як вақт марказ фаъолияти соҳибкориро содда намуда, дар навбати худ метавонад ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва фаъолгардии фаъолияти иқтисоди беруна мусоидат намояд, ки ба нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъсири мусбӣ дорад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста