Афзоиши ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ ва коҳиши ҳаҷми содироти он аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар идома дорад.
Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон давоми 11 моҳи соли ҷорӣ беш аз 3,8 млрд. долларро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли 11 моҳ ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 2,8 млрд. доллар маҳсулот ворид шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли гузашта 15% ё худ 372 млн. доллар зиёдтар аст.
Қариб чоряки воридоту молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ аз ҳаҷми умумӣ ба воситаҳои нақлиёт ва мошину таҷҳизот рост меояд.
Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми содирот аз ҷумҳурӣ 991 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,6% ё худ 105 млн. доллар камтар мебошад.
Беш аз нисфи содироти молу маҳсулот аз кишварро маҳсулоти минералӣ, қариб 22%-ро - фулузоти нимқиматбаҳо ва маснӯот аз он ва наздики 21%-ро маҳсулоти дӯзандагӣ ташкил додааст.
Ҳамиин тариқ, касри (камбуди) тавозуни савдои Тоҷикистон чун ҳамешагӣ манфӣ ва ба наздики 1,9 млрд. доллар баробар шуд.
Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия боқӣ монда, тайи 11 моҳ ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Русия беш аз 924 млн. долларро ташкил дод.
Дар ин давра Тоҷикистон бо Қазоқистон - ба маблағи ҳудуди 769 млн., Чин – беш аз 589 млн., Туркия – зиёда аз 370 млн. ва Ӯзбекистон – дар ҳаҷми наздики 259 млн. доллар муомилоти молӣ анҷом додааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста