Соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ба гирифтани қарзҳои имтиёзнок аз Ӯзбекистон ҷиҳати интиқоли молу маҳсулот аз ин кишвари ҳамсоя начандон таваҷҷуҳ доранд.
Қарзҳои содиротӣ аз Ӯзбекистон дар доираи созишномаи моҳи марти соли гузашта баизорасида байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи ҳамкории молиявӣ пешниҳод мешаванд.
Дар созишномаи мазкур ифтитоҳи хатҳои махсуси қарзӣ ба маблағи умумии 100 млн. доллар аз ҷониби бонкҳои муайяни кишварҳо пешбинӣ шудааст.
Пешниҳоди наздики нисфи ин қарзро аз ҷониби Тоҷикистон “Амонатбонк” анҷом медиҳад. “Амонатбонк” бо ду бонки Ӯзбекистон ҷиҳати пешниҳоди ин қарзҳо ба маблағи умуии 43 млн. доллар қарордод ба имзо расонид.
Раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ рӯзи 5 феврал ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ дод, ки то имрӯз бонк ҳамагӣ дар ҳаҷми 507 ҳазор сомонӣ ё худ 1,2% аз ҳаҷми умумӣ аз ин маблағҳо қарз додааст.
Омили асосии худдорӣ варзидани соҳибкоронро аз гирифтани ин қарз Икромӣ ба додани он бо асъори амрикоӣ нисбат медиҳад.
“Тайи солҳои охир тамоили беуқрбшавии арзи миллӣ нисбати асъори хориҷӣ ҷараён дошта, аз ин рӯ, шаҳрвандони мо гирифтани қарзҳоро бо сомонӣ афзалтар медонанд, зеро дар сурати бо асъори хориҷӣ гирифтани қарз, ба мушкилӣ дучор шуда метавонанд”, - иброз дошт Икромӣ.
Ғайр аз ин, камтаваҷҷуҳии тоҷирону соҳибкорони тоҷикро ба гирифтани ин қарз Икромӣ ба шартҳои ҷониби Ӯзбекистон низ марбут медонад, ки воситаҳои пулӣ дода нашуда, танҳо молу маҳсулот пешниҳод мегардад.
“Дар ин самт тадбирҳо роҳандозӣ шуда, умедворем, ки дар ҳамдастӣ бо шарикони ӯзбек ба тағйиротҳои муайян дар ин масъала ноил мегардем, ки ба афзудани таваҷуҳи соҳибкорон ба дастрасӣ ба ин қарзҳо мусоидат менамояд”, - илова намуд ӯ.
“Амонатбонк” дар баробари “Ориёнбонк” ва “Бонки Эсхата” ба сифати миёнарав дар ҷараёни пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби Тоҷикистон иштирок мекунад, яъне ширкатҳои Тоҷикистонро маблағгузорӣ мекунад, ки ба ин васила онҳо аз Ӯзбекистон молу маҳсулот харида метавонанд.
Ширкатҳои воридкунандаи молу маҳсулот ба Тоҷикистон, ки ба интиқоли маҳсулоти Ӯзбекистон хоҳиш доранд, метавонанд то 1 млн. доллар қарз гиранд.
Қобили зикр аст, ки қарзҳои Ӯзбекистон ба муҳлати аз 1 то 3 сол дода мешаванд, яъне барои молу маҳсулоти ниёзи мардум - ба муддати 1 сол ва барои таҷҳизот – то 3 сол. Агар муҳлати қарз 1 сол бошад, меъёри фоиз ба он 8%-и солона ва беш аз 1 сол – 9%-и солонаро ташкил медиҳад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста