Ҳукумати Тоҷикистон пас аз ду моҳи андеашаронӣ имтиёзҳоро аз андоз барои корхонаҳои истеҳсоли орд, ки нархи нон дар ҷумҳурӣ ба онҳо вобаста аст, барқарор намуд.
Бо назардошти пешниҳоди истеҳсолкунандагони орд, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 15 апрел лоиҳаи тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба буҷети давлатии соли 2019 дастгирӣ кард.
Дар ин тағйироту иловаҳо муқаррар намудани ҳаҷми андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) бо меъёри 10% барои ворид кардани гандум ба корхонаҳои коркард ва ситонидани ҳамин миқдор андоз зимни фурӯши маҳсулоти истеҳсолшуда дар корхонаҳои ордбарорӣ пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки то 1 январи ҳамин сол меъёри имтиёзноки 10%-аи ААИ ба ворид кардани гандум (ба истинои гандуми воридшуда барои истеҳсоли маҳсулоти зераксизӣ), таъмини корхонаҳои коркард бо он, ҳамчунин фурӯши маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои ордбарорӣ амал мекард.
Аммо дар буҷети соли 2019 дар руйхати имтиёзнок танҳо воридоти гандумро боқӣ гузоштанд. Меъёри ААИ ба минбаъд таъмин кардани корхонаҳои коркард бо гандум ва фурӯши маҳсулоти ниҳоӣ дар сатҳи 18% муқаррар шуда буд.
Қобили зикр аст, ки орду гандум ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон оварда мешаванд, ки аз ҳаҷми умумии воридот ба ҳиссаи ин кишвар беш аз 90% рост меояд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста