Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон давоми 5 моҳи соли ҷорӣ беш аз 1,7 млрд. долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2018 ба андозаи 1,7% зиёдтар аст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
Ҳаҷми содирот дар ин давра 410 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,2 млн. доллар камтар аст.
Тӯли моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти маҳсулот ба кишвар ба маблағи беш аз 1,3 млрд. доллар сурат гирифтааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 47,4 млн. доллар зиёдтар аст.
Қариб 44% дар сохтори содирот ба маҳсулоти минералӣ (ашёи хом), беш аз 20,6% - ба фулузоти нимқиматбаҳо ва маснӯот аз он (асосан алюминий) ва 19,2% ба маҳсулоти нассоҷӣ рост меояд.
Наздики чоряки воридоту молу маҳсулот ба ҷумҳуриро аз ҳаҷми умумӣ воситаҳои нақлиёт ва мошину таҷҳизот, 19%-ро - маҳсулоти минералӣ ва 10,4%-ро маҳсулоти саноати кимиёвӣ ташкил медиҳанд.
Тӯли панҷ моҳи соли равон Тоҷикистон бо 100 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.
Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (415 млн. доллар), Қазоқистон (348 млн. доллар), Чин (244 млн. доллар) ва Ӯзбекистон (133 млн. доллар) дониста мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста