Ҳаҷми моҳонаи содироти семент аз Тоҷикистон тӯли 4 сол қариб 3 баробар афзуд. Давоми 5 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ҳудуди 620 ҳазор тонна ин навъи масолеҳи сохтмон содирот шудааст, яъне ба ҳисоби миёна 124 ҳазор тонна дар як моҳ.
Соли 2015 ҳаҷми содироти семент аз Тоҷикистон дар як моҳ ба ҳисоби миёна ҳамагӣ наздики 42 ҳазор тоннаро ташкил медод.
Тайи моҳҳои январ-майи соли равон сементи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон (346 ҳазор тонна), Афғонистон (247 ҳазор тонна) ва Қирғизистон (27 ҳазор тонна) фиристода шуд, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли семент дар панҷ моҳи соли ҷорӣ беш аз 100 ҳазор тонна зиёд шуд.
Ба суръати баланди афзоиши истеҳсоли семент дар Тоҷикистон сармяогузорӣ аз ҷониби Чин мусоидат менамояд.
Ҳамин тариқ, дар ҳаҷми умумии сементи истеҳсолшуда дар соли равон беш аз 86%-аш ба се корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин - «Чунгтсай Моҳир семент» (32%), «Хуаксин Ғаюр семент» (28%), «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» (25,9%) рост меояд.
Ҳиссаи корхонаи “Сементи тоҷик”-и Душанбе дар ҳаҷми умумии истеҳсоли семент дар Тоҷикистон айни замон ҳамагӣ 5,1%-ро ташкил медиҳад. Ба истеҳсоли семент дар Тоҷикистон ба сурати умум 18 корхона машғуланд.
Ояндаи наздик афзоиши чунин иқтидорҳо дар назар аст. Аз ҷумла, ширкати “Моҳир семент” бо кумаки сармоягузорӣ аз Чин дар ҷануби ҷумҳурӣ корхонаи нави сементбарории иқтидораш 600 ҳазор тонна месозад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста