ҶСП “Фароз” - яке аз ширкатҳои бузургтарини Тоҷикистон дар бораи ихтиёран барҳамдиҳиаш ба Кумитаи андоз хабар дод.
Дар ширкат ба “Азия-Плюс” далели барҳамдиҳии ихтиёриро тасдиқ карданд, вале аз ифшои ҷузъиёти ин масъала худдорӣ варзиданд.
“Дарвоқеъ, мо дар робита ба барҳамдиҳии ихтиёрии ҶСП бо ҳама воҳидҳои шомили он ба Кумитаи андоз ариза додем. Маълумоти муфассалро дар бораи ин масъала ҳафтаи оянда нашр мекунем”, - хабар доданд дар ширкат.
Дар ҳамин ҳол, сомонаи расонаи мустақили “Ахбор” нусхаи мактуби ҶСП “Фароз”-ро ба унвони Кумитаи андоз нашр кардааст. Лекин дар он барҳамдиҳии Ҷамъият танҳо дар масъалаи фаъолияти ширкат дар самти воридот ва фурӯши яклухту чаканаи маводи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ сухан меравад.
“Бинобар ба рақобат тобовар набудан дар бозори сӯзишворӣ, аз ҷумла аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунанда мустақиман ворид гардидани маводи сӯзишворӣ ва ба тариқи чакана ба фурӯш баровардани онҳо дар бозори Тоҷикистон, баланд будани арзиши аслии маҳсулоти харидоришаванда, Ҷамъият имрӯз қобилияти рақобатпазирии худро дар бозори мамлакат аз даст додааст. Бар замми омилҳои зикргардида таназзули иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири манфии он ба минтақа боиси аз даст додани самаранокии молиявии фаъолияти Ҷамъият гардид”, - таъкид шудааст дар мактуб.

“Аз ин лиҳоз, маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият ба қарор омад, ки тамоми дороиҳои Ҷамъиятро ба фурӯш бароварда, тибқи муқаррароти қонунгузории ҷорӣ барои барҳамдиҳии Ҷамъият ба мақомоти марбута муроҷиат намояд”, - омадааст дар фарҷоми нома.
ҶСП “Фароз” ширкати бисёрсоҳавиест, ки фаъолияти он бахшҳои гуногуни иқтисод, сар аз бозори хизматрасонӣ то саноати вазнинро дар бар мегирад.
Ширкат соли 2008 таъсис ёфта, дафтари асосии кориаш дар Душанбе фаъол аст. Ҳамчунин дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва берун аз он намояндагиҳо ва филиалҳояш амал мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста