Аз шумори умумии корхона ва ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда ҳиссаи корхонаҳои фоидаовар дар нимсолаи аввал 48,6%-ро ташкил дод. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад.
Дар идораи омор таъкид мекунанд, корхонаву ташкилотҳои фоидаовар дар ҳамин давраи соли гузашта ба 52,9% баробар буд.
Қайд мешавад, ки корхонаву ташкилотҳои зиёновар дар ин давра 30,8%-ро ташкил додааст.
Корхонаҳои аз ҳама бештар зиёновар дар соҳаи саноати коркард (17,2% аз шумори умумии корхонаҳо), савдо (15,4%), сохтмон (14,2%), ҳамчунин дар бахшҳои нақлиёт, анбор ва алоқа (6,7%) ба қайд гирифта шудааст.
Дар аввали нимсолаи дуюм ҳаҷми умумии қарзи корхонаву ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда ба беш аз 60 млрд. 856,1 млн. сомонӣ (наздики 6,3 млрд. доллар) расидааст.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат, тӯли нимсолаи аввал 146 корхона ва коргоҳи нав дар ҷумҳурӣ ба кор даромада, зиёда аз 180 чунин иқтидорҳо аз фаъолият бозмондаанд.
Давоми 6 моҳи соли равон 2 ҳазору 138 корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда (ҳамроҳ бо корхонаҳои хурд) дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ҳукумат ҳанӯз аввали соли ҷорӣ дастур дода буд, ки дар мавриди кам кардани қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҷӯйӣ шавад.
Мувофиқи ин дастур, ба иҷрои ин қарор бояд Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои марбута машғул мешуданд.
Ҳамчунин тибқи санади мазкур ба ин кор мебоист корхонаҳои бузурге чун “Барқи тоҷик”, Ширкати алюминии тоҷик, Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, “Тоҷик Эйр”, корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон ва ғайра ҷалб мешуданд.
Байни корхонаҳи Тоҷикистон ширкати “Барқи тоҷик” нисбатан қарзи бештар дорад, ки ҳаҷми умумии он дар аввали соли ҷорӣ ба 23,1 млрд. сомонӣ (ҳудуди 2,4 млрд. доллар) баробар шуда буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста