То 1 октябри соли равон наздики 260 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ба фаъолияти худ дар Тоҷикистон хотима бахшиданд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра фаъолияти 209 ҳазор соҳибкори дорои патент, 43,3 ҳазор соҳибкори дорои шаҳодатнома ва 7,5 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ қатъ шудааст.
Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумори соҳибкорони фаъолияташон қатъшуда қариб 11% ё худ 25,6 ҳазор афзудааст.
Ба ҳолати 1-уми октябри соли равон дар ҷумҳурӣ 553,1 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ сабтином шудаанд, ки 313,6 ҳазор бо патент ва 77,7 ҳазор аз рӯйи шаҳодатнома фаъолият карда, 161,9 ҳазорашон хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, танҳо 293,4 ҳазор соҳибкори инфиродӣ машғули коранд.
Ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ байни соҳибкорони инфиродии фаъолиятдошта 52,6%, соҳибкорони дорои патент – 35,6% ва бо шаҳодатнома амалкунанда – 11,7%-ро ташкил медиҳад.
Шумори бештари соҳибкорони инфиродии дар кишвар фаъолиятдошта – 36,8% (аз теъдоди умумӣ) ба вилояти Суғд, 31,5% – вилояти Хатлон, 18,5% – ноҳияҳои тобеи марказ, 11,9% – шаҳри Душанбе ва 1,3% – ба ВМКБ рост меояд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста