То 28-уми октябр дар Тоҷикистон 330,5 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузаша 95,4 ҳазор тонна бештар аст.
Дар вилояти Хатлон иҷрои нақшаи имсолаи ҷамъоварии пахта 75% ва вилояти Суғд 73% таъмин шудааст.
Дар Тоҷикистон имсол дар майдони 185 ҳазору 670 гектар пунбадона кишт шуда, ҷамъоварии беш аз 400 ҳазор тонна ҳосил дар назар аст. Соли гузашта дар Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, хоҷагиҳои пахтакори кишвар ба нуқтаҳои қабул ҳамарӯза 5 ҳазор тонна пахта месупоранд.
Чинакчиён каманд
Дар ҳамин ҳол, хоҷагиҳои пахтакор аз норасоии қувваи корӣ дар ҷамъоварии ҳосил шикоят дошта, дар баъзе ноҳияҳо ҳокимияти маҳаллӣ кормандони худро маҷбур месозад, ки дар рӯзҳои истироҳат ба пахтачинӣ бароянд.
Ба ҷуз ин, пахтакорон мегӯянд, ширкатҳои миёнарав пахтаи онҳоро бо нархи хеле паст харида, он хароҷоти парвариши зироатро рӯйпӯш намекунад.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон бархилофи вазифаҳои гузоштаи Эмомалӣ Раҳмон, ки ба қатъи содироти пахта ба сифати ашёи хом ва афзоиши коркарди он дар дохили ҷумҳурӣ таъкид кард, фурӯши пахтаро ба хориҷи кишвар зиёд мекунад.
Тибқи маълумоти охир, ба Русия, Чин, Туркия ва кишварҳои Балтика, ки аз Тоҷикистон пахта мехаранд, Афғонистон низ ҳамроҳ шуд.
Аммо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта содироти нахи пахта аз Тоҷикистон ба андозаи 39,2% коҳиш ёфтааст.
Дар кишвар ҳамасола то 120 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол шуда, ҳамагӣ то 25%-и он дар дохили кишвар коркард ва қисмати боқимонда содирот мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста