Арзиши сабикаҳои тиллое, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба фурӯш гузошта мешавад, аз оғози сол ба ҳисоби миёна 16,9% боло рафт.
Мувофиқи маълумоти БМТ, сабикаи тиллои панҷграммӣ дар ин давра 16,4% – аз 2103 сомонӣ дар аввали сол то ба 2448 сомонӣ дар айни замон қимат шуд.
Нархи сабикаи даҳграммӣ – 16,7%, бистграммӣ – 17%, панҷоҳграммӣ – 17,2% ва садграммӣ – 17,3% афзуд.
Бонки миллии Тоҷикистон моҳи июни соли 2017 сабикаҳои тиллои ченшудаи поккорикардаро ба муомилоти озод баровард.
Аз 12-уми июн сабикаҳои вазни 5, 10, 20, 50 ва 100 грамм ба фурӯш бароварда мешаванд.
Арзиши сабикаҳои тиллоӣ мувофиқи нарх барои се унсия (31,1034768 грамм)-и тилло ва аз рӯйи натиҷаҳои савдои биржавии асъори хориҷӣ (фиксинг) муайян карда мешавад.
Ба ғайр аз ин, хароҷоти воқеӣ барои тайёр кардани сабикаҳои ченшуда, масрафоти нақлиёту суғурта ва боҷҳои гумрукӣ низ ҳисоб мешавад.
Нархи фурӯш ва хариди сабикаҳои ченшуда ҳамарӯза муайян ва бо асъори миллӣ муқаррар мешавад.
Нарх ба вазни сабика вобаста аст. Зимни харидани сабикаи хурд нархи 1 грамми тилло назар ба харидории сабикаи калонтар зиёдтар мешавад.
Шахсони ҳуқуқие, ки хоҳиши харидани сабикаҳои тиллоро доранд, бояд бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи намояндаи шахси ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд.
Ба сифати ашёи хом барои истеҳсоли сабикаҳои тилло Бонки миллии Тоҷикистон метали дар ҷумҳурӣ истихроҷшударо истифода мекунад.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат, ҳамаи тиллои истеҳсоли Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллӣ ва Вазорати молияи кишвар харидорӣ мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста