Ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон давоми нуҳ моҳи соли равон 34 млн. доллар кам шуд.
Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молия, ба ҳолати 1-уми октябри соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи хориҷии ҷумҳурӣ 2 млрд. 890 млн. долларро ташкил дод. Аввали сол ин рақам 2 млрд. 924 млн. долларро ташкил дода, ба 38,9%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар буд.
Дар сохтори қарзи хориҷии кишвар ба аввали семоҳаи охири соли ҷорӣ 95% (2 млрд. 748 млн. доллараш)-ро қарзи бевоситаи давлатӣ ташкил медиҳад, ки барои иҷрои хизматрасониҳои ҳукумат ҷалб шудааст.
Тобистони соли ҷорӣ вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки “дар соли минбаъдаи молиявӣ (солҳои 2019-2020) мо бештар ба ҷалби грантҳо манфиатдорем, то ки ҳаҷми қарзҳо зиёд нашавад”.
Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлат 63,8 млн. доллар ва қарзи корхонаҳои давлатӣ, ки кафолати ҳукуматро надоранд, 31,5 млн. долларро ташкил медиҳад.
Боқимонда 46,1 млн. доллар дар ҳаҷми умумӣ қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон назди Хазинаи байнулмилалии асъор (39,1 млн. доллар), Чин (4 млн. доллар) ва Бонки осиёии рушд (3 млн. доллар) мебошад.
Аз ҷумла, Тоҷикистон ба Эксимбонки Чин (беш аз 2,1 млн. доллар), Бонки ҷаҳонӣ (310 млн. доллар), Бонки осиёии рушд (270 млн. доллар), Бонки исломии рушд (129 млн. доллар) ва дигар қарздиҳандагони дуҷониба ва бисёрҷониба қарздор аст.
Ҳамчунин ҳиссаи назаррас дар ҳаҷми умумии қарзи хориҷии кишвар ба қоғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) рост меояд, ки ба маблағи 500 млн. доллар дар бозорҳои байнулмилалӣ фурӯхта шуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста