Аз оғози соли оянда дар Тоҷикистон ба воридкунандагони гӯшт ва навъҳои баланду хушсифати тухмӣ ба кишвар имтиёзҳо ҷорӣ мешаванд.
“Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи аз 1-уми январи соли 2020 озод кардани пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ба воридоти навъҳои баланду хушсифати тухмӣ барои ҳама гуна хели зироатҳои кишоварзӣ қарор қабул кард”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ.
Ширкатҳое, ки ба воридоти чорвои хушзот ва чорво барои гӯшт ба Тоҷикистон машғуланд, ба чунин имтиёзҳо соҳиб хоҳанд шуд.
“Ҳамчунин аз 1-уми январ воридоти ҳама гуна навъҳои хӯроки чорво аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд”, - қайд кард манбаъ.
Қобили зикр аст, ки аз нимаи соли равон нархи гӯшт, орд ва маснуоти ордӣ дар Тоҷикистон боло рафт.
Охири моҳи август, ки гӯшт 38-40 сомонӣ нарх дошт, айни замон бо арзиши 52-55 сомонӣ фурӯхта шуда, нархи як халта орд аз 170 сомонӣ ба 220 сомонӣ расид. Арзиши як литр шир дар Душанбе давоми ним сол 1,5 сомонӣ боло рафта, феълан 5 сомонист.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста