Ҳукумати Тоҷикистон беш аз 70%-и каср (камбуд)-и буҷети давлатиро аз ҳисоби ҷалби қарзҳои дохиливу беруна, ҳамчунин грантҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ рӯйпӯш карданист.
Бо ин мақсад ҳукумат ҷалби қарз ва грантҳоро аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ дар ҳаҷми 150 млн. сомонӣ дар нақша дорад.
Боз 100 млн. сомонии дигар барои рӯйпӯш кардани касри буҷет аз ҳисоби фурӯши векселҳои хазинадорӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳадди ниҳоии касри буҷет дар соли оянда дар ҳаҷми 0,4%-и ММД – наздики 350 млн. сомонӣ (36 млн. доллар) муқаррар шудааст.
Ҳамчунин барои рӯйпӯш кардани касри буҷет ҷалби маблағҳо аз сарчашмаҳои зерин пешбинӣ шудааст:
- даромад аз хусусигардонӣ, иҷораи моликияти ҷумҳуриявӣ ва фоида аз саҳмияҳои давлатӣ – 25 млн. сомонӣ;
- воситаҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020 – 34 млн. сомонӣ;
- сарфаи маблағ аз тендерҳои хариди давлатии маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ – 30,5 млн. сомонӣ;
- барзиёд иҷро кардани нақшаи даромадҳо дар буҷетҳои маҳаллӣ – 9,9 млн. сомонӣ.
Ҳаҷми умумии даромадҳо дар буҷети давлатии соли 2020 ба маблағи беш аз 26 млрд. ва хароҷот – 26,4 млрд. сомонӣ муқаррар шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста