Дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар бунёди корхонаи истеҳсоли дучарха (велосипед) оғоз шудааст.
Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабар доданд.
“Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешавад. Иқтидори солонаи истеҳсолии он 10 ҳазор дучархаи ҳаҷмаш гуногун хоҳад буд”, - иброз дошт манбаъ.
Мувофиқи нақша, ин корхона то ҷашни Наврӯзи соли 2020 мавриди истифода қарор мегирад. Дар он 60 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.
“Баъд аз оғози фаъолияти корхона роҳбарияти он ният дорад, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ мағозаҳои махсус ифтитоҳ карда, маҳсулоти худро ба фурӯш гузорад”, - гуфт ӯ ва афзуд, ки дар заминаи он як коргоҳи ҷӯроббофӣ низ сохта мешавад.
Ба қавли манбаъ, минтақаи саноатии шаҳри Бохтар ягона дар миқёси ҷумҳурӣ буда, масоҳати он 6,9 гектарро ташкил медиҳад. Ба ғайр аз дучарха, дар ин минтақаи саноатӣ ҳамчунин корхонаҳои истеҳсоли шифер, макарон ва сақич сохта шаванд. Дар маҷмӯъ, то ба имрӯз барои 10 соҳибкор, ки хоҳиши бунёди корхонаҳои саноатиро доранд, дар ин минтақа замин ҷудо карда шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста