Президенти Тоҷикистон Эмомаӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи паём ба парлумон дар бораи замони анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дод.
Ӯ изҳор дошт, ки барои татбиқи ин лоиҳа ҳукумати Тоҷикистон беш аз 470 млн. сомонӣ (зиёда аз 48,4 млн. доллар) сармояи давлатиро ҷудо карда, нерӯгоҳ соли 2022 ба истифода супорида мешавад.
Дар лоиҳаи сохтмони НБО Себзор бунёди нерӯгоҳи хурди ҷараёнӣ дар рӯдхонаи Шохдараи ВМКБ пешбинӣ шудааст. Ба сохтмони он ҳанӯз тобистони соли 2015 раисҷумҳур оғоз бахшида буд.
Айни замон корҳои сохтмон дар нерӯгоҳ бо дастгирии ҳукумат ва ширкати “Помир энержӣ”, ки ба идоракунии шабакаҳои барқ дар ВМКБ машғул аст, ҷараён доранд.
Сарвари давлат ҳамчунин зикр кард, ки тайи 7 соли охир истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар 1,3 баробар афзуда, соли 2019 ба нишондиҳандаи 20 млрд. кВт/соат расидааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста