Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба баррасии масъалаи вобаста ба тасдиқи созишномаи қарзӣ аз рӯйи лоиҳаи “Беҳбуди идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон”, ки тобистон ба имзо расида буд, оғоз кард.
Барои татбиқи лоиҳа қарзҳои имтиёзноки Бонки исломии рушд дар ҳаҷми 15 млн. доллар, Бунёди саудии рушд ба маблағи 25 млн. доллар ва ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) дар ҳаҷми 10 млн. доллар ҷалб мешаванд.
Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳаи мазкур 3,5 млн. долларро ташкил медиҳад.
Ба ақидаи раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Рустам Латифзода, амалисозии лоиҳа ба баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон мусоидат карда, барои таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши муҳим дорад.
Муҳлати анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2025 муқаррар шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста