Мудирияти ҶСК “НБО Роғун” назди ширкатҳои паймонкор, молрасон ва хизматрасони ватаниву хориҷӣ беш аз 1 млрд сомонӣ (103 млн доллар) қарздор аст. Дар ин бора нашрияи парлумонии “Садои мардум” бо истинод ба директори генералии Ҷамъият Хайрулло Сафарзода иттилоъ додааст.
“Маблағҳои аз ҳисоби коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробонд), ки бевосита барои таъмини муътадили корҳои бунёди садди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷалб гардида буданд, пурра харҷ шуданд”, - гуфт Сафарзода дар ҷаласаи охири палатаи болоии парлумон зимни баррасии тағйирот ба қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”.
Тағйироту иловаҳои воридшуда ба ҳукумат ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо, аз ҷумла хориҷӣ, барои идомаи сохтмони неругоҳи Роғун имкон медиҳанд.
Ӯ қайд кард, ки сохтмони иншооти неругоҳ ба маблағгузории минбаъдаи устувор ниёз дорад.
Сафарзода пешниҳод мекунад, ки қисмате аз дороиҳои ҶСК “НБО Роғун”, ки дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷойгиранду истифодаи онҳо аз рӯйи таъинот ғайриимкон мебошад, фурӯхта шавад.
Номбурда зикр кардааст, ки дороиҳо ҳар рӯз хароҷот ба бор оварда, барои фаъолияти молиявии ҷамъият таъсир мегузоранд.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, сармояи оинномавии ҶСК “НБО Роғун” айни замон 27 млрд 760 млн сомониро ташкил медиҳад: 97,1% саҳмияҳо (ба маблағи беш аз 26,9 млрд сомонӣ) ба давлат ва 2,9% (ба маблағи 799,9 млн. сомонӣ) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тааллуқ доранд.
Ёдрас мекунем, ки палатаи болоии парлумон охири моҳи январи соли равон тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” маъқул донист. Дар тағйироту иловаҳо пешниҳод мешавад, ки ҶСК “НБО Роғун” ва Ширкати алюминии тоҷик “ТАЛКО” аз рӯйхати иншооте, ки бояд хусусӣ гардонида нашаванд, хориҷ карда шаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста