Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди сохтан ва интиқоли 4 агрегати боқимондаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо ширкатҳои Украина гуфтушунид дорад.
Тавре хадамоти матбуоти вилояти Харков хабар медиҳад, намояндагони сафорати Тоҷикистон зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти ин вилоят қайд кардаанд, ки бо ширкатҳои “Турбоатом” ва “Электротяжмаш” доир ба ин масъала гуфтушунид ҷараён дорад.
Қаблан директори генералии “Турбоатом” Виктор Субботин қайд карда буд, ки аз соли 2019 то имрӯз ин ширкат ба корҳои истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизот барои бунёди нерӯгоҳи “Роғун” машғул ва дар ин самт таҷрибаи кофӣ ба даст оварда, минбаъд низ ба рушду идомаи ҳамкориҳои пурсамар омода мебошад.
Ёдрас мекунем, ки агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун моҳи ноябри соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи сентябри соли гузашта ба истифода дода шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳи Роғун 840 млн кВт-соатро ташкил додааст, ки андаке бештар аз 4%-и ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон дар соли гузашта мебошад.
Айни замон корҳои ҷалби маблағҳои иловагӣ баҳри идомаи сохтмони нерӯгоҳ идома доранд. Мувофиқи лоиҳа, дар толори мошинии нерӯгоҳ боз 4 агрегат насб мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста