Бо мақсади роҳ надодан ба баландшавии нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, комиссияи махсус таҳти сарварии муовини аввали раиси вилоят Алишер Мирзонаботов таъсис дода шудааст.
Дар ҳайати он намояндагони Раёсати рушди иқтисод ва савдо, стандартизатсия ва метрология, хадамоти зиддиинҳисорӣ, андоз, мақомоти ҳифзи қонун ва тартиботи вилоят, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят ва воситаҳои ахбор шомиланд.
Тавре сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои ВМКБ Латиф Шозодаев иттилоъ дод, комиссия беш аз ду ҳафта фаъолият карда, гурӯҳи кории он қаблан бо соҳибкорони бозори марказии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят барои нигоҳ доштани нархи муътадили маҳсулоти ғизоӣ вохурӣ гузаронд. Зимнан ба онҳо огоҳномаҳо пешниҳод карда шуданд. Дар огоҳнома қайд гардидааст, ки дар сурати беасос боло бурдани нархи маҳсулоташон, нисбат ба фурӯшандагон аз ҷониби мақомоти ҳифзи қонун чораҳои таъхирнопазир андешида хоҳанд шуд.
Айни ҳол ба мақсади роҳ надодан ба баландшавии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, дар бозори марказии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо санҷишҳои гурӯҳи кории комиссияи Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ВМКБ идома дорад. Маълум гардид, ки нархи хӯрокворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал давоми чанд рӯз боло нарафтааст.
Дар ҳоле ки нархҳо дар дигар минтақаҳои кишвар боло рафтаанд, дар бозорҳои вилоят, алалхусус, шаҳри Хоруғ нархи маҳсулот аз қабили картошка барои ҳар кило 5,5 то 6 сомон, сабзӣ 2,5 сомонӣ, пиёз 5 сомонӣ, помидор 20 сомонӣ, бодиринг 12 сомонӣ, карам 3 сомонӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ бо арзиши пештара дар чаҳорчӯбаи нархномаҳои шуъбаи зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ дар ВМКБ фурӯхта мешаванд.
Бо фурӯшандагони гӯшту шир дар бораи боло рафтани арзиши маҳсулоташон суҳбат доир шуда, барои дар сатҳи пешина – барои ҳар литр шир 5 сомонӣ ва барои ҳар кило гӯшт 44 сомонӣ нигоҳ доштани нархашон огоҳномаҳо дода шуданд.
Дар ҳамкорӣ бо Раёсати андози вилоят барои дастгирии фурӯшандагон масъалаи паст кардани пардохти ҳаққи иҷораи ҷой дар бозор баррасӣ гардида, бо соҳибони мағозаҳо суҳбатҳо гузаронида шуданд. Масъалаи ташкили “Гӯшаи деҳқон” дар бозорҳо бори дигар мавриди муҳокимаи гурӯҳи корӣ қарор гирифта, таъмини он бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла, тавассути маслиҳату гуфтушунид бо кишоварзону соҳикорони минтақаҳои дигари кишвар нақшаҳои махсус таҳия шуданд.
Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати ҶТ барои танзими арзиши орд ҳамарӯза ба бозорҳо миқдори муайяни онро бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш мебарорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





История трех летных экипажей, захороненных в Чкаловске
Обвиняемый в убийстве матери и её троих детей в районе Рудаки приговорён к пожизненному заключению
В Таджикистане готовят закон о полном запрете вейпов
На севере Таджикистана построят предприятие по обогащению железной руды
Какие поручения Эмомали Рахмона, данные в послании 2024 года, не были выполнены и почему?
Мировой рейтинг футзала от ФИФА: Таджикистан – в топ-50 по итогам года
Грузовой поезд с топливом сошел с рельсов в Яванском районе Таджикистана
Роскосмос опубликовал снятые с МКС фотографии горных хребтов Памира
Попавшим в сложную ситуацию в России узбекистанцам бесплатно предоставят временное жилье
Таджикистан начал получать узбекскую электроэнергию
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста