Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) баҳри кумак ба ҷумҳурӣ дар рафъи оқибатҳои ногувори иқтисодӣ ва иҷтимоии пандемияи сирояти корнавирус ба маблағи 50 млн доллар грант ба имзо расониданд.
Грант ҷиҳати маблағгузорӣ ба тадбирҳои муҳими ҳукумат дар таҳкими низоми тандурустӣ, тавсеаи кумаки иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои камбизоат ва осебпазир, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳимоя аз соҳибкории хурд мусоидат мекунад.
Бино ба иттилои намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон созишномаи грантиро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сриватасава имзо карданд.
Барномаи мазкур ҳукуматро дар густариши дастрасӣ ба маводи тиббӣ ва муҳайё сохтани шароити карантин ҳадди ақал дар 14 беморхонаҳои кишвар бо палатаҳои ҷуудогона барои мардону занон дастгирӣ мекунад. Ба ҳамаи ҳайати тиббие, ки бо беморони COVID-19 кор мекунанду ҳадди ақал 80%-ашонро занон ташкил медиҳанд, болоравии музди меҳнат пешниҳод мешавад.
Маблағгузории БОР ҳукуматро инчунин дар тавсеаи барномаи кумаки иҷтимоии таъинотӣ ҳадди ақал ба 307 ҳазор хонаводаҳои кмабизоат бо шумули пардохтикумаки иловагии яквақтаинаи пулӣ дастгирӣ менамояд. Амнияти озуқаворӣ тавассути мониторинг ва назорати нархҳо ба ғизо, инчуин таъмини фермерон бо захираҳои кишоварзӣ барои афзоиши истеҳсолот таъмин мешавад.
Ба корхонаҳои хурду миёна, ки на камтар аз 24%-ашонро занон роҳбарӣ мекунанд, қарз ва имтиёзҳои андозӣ пешниҳод мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста