Нархи гази моеъ дар нуқтаҳои сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон тайи як моҳи охир ба андозаи беш аз 50% боло рафт.
Беш аз 60% моликони автомашинаҳо дар Тоҷикистон аз ин навъи сӯзишворӣ истифода бурда, ҳанӯз охири моҳи май дар нуқтаҳои сӯзишворӣ он бо нархи 2,50 сомонӣ (барои 1 литр) фурӯхта мешуд. Имрӯз 1 литри он аллакай 3,80 сомонӣ арзиш дорад.
Таҳвилгарони ин навъи сӯзишворӣ гароншавии онро ба болоравии нархи яклухти он марбут медонанд. Ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид мешавад. Дар ширкатҳо қайд мекунанд, ки дар мавсими ҳосилғундорӣ талабот ба гази моеъ дар ин кишвар чандин маротиба меафзояд ва мутаносибан, нархи содиротӣ ба он низ боло меравад.
Лекин тасдиқи гуфтаҳои ширкатҳои воридкунандаи гази моеъро дар бораи гароншавии нархи яклухти он дар Қазоқистон мо на дар сомонаҳои сохторҳои дахлдор ва на дар ВАО-и ин кишвар ёфта натавонистем.
Дар Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, бинобар мавҷуд набудани субъектҳои хоҷагидоре, ки дар ин бозор мавқеи ҳукмфармо дошта бошанд, онҳо ба дахолат дар ҷараёни нархгузории газ ҳуқуқ надоранд.
Мувофиқи қонунгузории зиддиинҳисорӣ, субъекти хоҷагидоре, ки ҳиссаи он дар ин ё он бозор на камтар аз 35%-ро ташкил медиҳад ё се ширкате, ки ҳиссаашон дар бозор на камтар аз 50% ва ё панҷ субъекте, ки ҳиссаашон дар бозор на камтар аз 70%-ро ташкил медиҳад, субъекти ҳукмфармо шуморида мешавад.
Бино ба маълумоти Хадамот, ба воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон даҳҳо ширкатҳои гуногун машғуланд, ки ҳиссаи ҳеҷ кадоме аз онҳо ҳатто аз 20% зиёд нест.
Бо вуҷуди ин, таъкид доштанд дар Хадамот, ин бозор доимо зери назорат қарор дошта, асоснокии болоравии нарх санҷида мешавад.
Тоҷикистон ҳамасола ба зиёда аз 400 ҳазор тонна гази моеъ ниёз дорад. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, соли гузашта ба ҷумҳурӣ беш аз 430 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардида буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста