Қарзи берунаи Тоҷикистон то 1 июли соли равон ҳудуди 3,1 млрд долларро ташкил дода, таносуби қарзи хориҷӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 36,1%-ро ташкил медиҳад.
“Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон давоми 6 моҳ 170,9 млн доллар зиёд шуд”, - хабар дод ба журналистон вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода.
Тоҷикистон аз ҳама зиёдтар назди “Эксимбонк”-и Чин қарздор аст,ки ҳаҷми он ба зиёда аз 1,1 млрд доллар баробар аст.
Ҳамчунин Тоҷикистон ба Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 338,5 млн, Бонки осиёии рушд - 287,3 млн, Бонки исломии рушд - 131,9 млн доллар қарздор буда, ҳаҷми уҳдадориҳои қарзӣ аз рӯйи евробондҳо 500 млн долларро ташкил медиҳад.
Вазири молия қайд кард, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ барои татбиқи 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 587,2 млн доллар 16 созишномаи нави қарзӣ ва грантӣ имзо шудааст.
Аз ин ҳаҷм 361,2 млн доллараш маблағҳои грантӣ, 220 млн - қарзҳо ва 6 млн доллараш саҳми ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Аввали соли равон вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода изҳор дошта буд, ки корҳои ҷалби қарзи хориҷӣ ба стратегия оид ба идоракуни қарзи хориҷӣ бо назардошти тавсияҳои Хазинаи байнулмилалии асъор асос меёбад.
“Кӯшиш мекунем, ки аз доираи тавсияҳои ХБА берун наравем, зеро бо ин Хазина ва дигар созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ҳамкорӣ дошта, манфиатдорем, ки минбаъд ба ҳамкории мо ягон монеа эҷод нашавад”, - иброз дошта буд Қаҳҳорзода.
Таъкид шуд, ки дар ин масъала ба ҷалби маблағҳои беруна бар асоси кумаки бебозгашт афзалият дода мешавад.
Мебояд гуфт, “хатти сурх”-е, ки ХБА баромадан аз онро ба иқтисоди кишварҳое чун Тоҷикистон тавсия намедиҳад, таносуби 40% қарзи хориҷӣ нисбат ба ММД мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Акаев назвал стоимость «тюльпановой революции» в Кыргызстане
Они виновны лишь в том, что лают. В Душанбинском приюте собак травят в третий раз, но отравитель не наказан
Таджикистан принимает участие в COP29 в Баку
Лидер Афганистана лишил МВД, Минобороны и разведку права выдавать оружие
Бойцы Таджикистана выиграли 14 медалей на чемпионате мира в Ташкенте
Multikid выходит на новый уровень: международные статусы и возможности для студентов Таджикистана
Весной Казахстан получит из стран Центральной Азии около 11 млрд кубометров воды
Почему «Почтаи точик» не пересылает посылки в Россию?
В Кремле отрицают, что Трамп и Путин созванивались и обсуждали войну в Украине
Глава Верховного суда Узбекистана раскритиковал судей за переполненность изоляторов и «нерешительность»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста