Беш аз 95% дар сохтори қарзи берунаи Тоҷикистон ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасонии ҳукумати кишварро таъмин мекунад. Дар ин бора Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ҳаҷми ин қарз ба зиёда аз 2,9 млрд доллар ва ҳаҷми умумии қарзи хориҷии кишвар ба наздики 3,1 млрд доллар баробар аст.
Қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна 79,3 млн доллар ва қарзи корхонаҳои давлатӣ, ки кафолати ҳукуматро надоранд, 31,5 млн долларро ташкил медиҳанд.
Боқимонда 23,1 млн доллар дар ҳаҷми умумии қарзи беруна ба қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба Хазинаи байнулмилалии асъор (18 млн доллар), Чин (3 млн доллар) ва Бонки исломии рушд (2,1 млн доллар) рост меоянд.
Дар маҷмӯъ Тоҷикистон ба “Эксимбонк”-и Чин беш аз 1,2 млрд доллар, Бонки ҷаҳонӣ - 338,5 млн доллар, Бонки осиёии рушд - 287 млн доллар, Бонки исломии рушд - 132 млн доллар ва дигар қарздиҳандагони дуҷониба ва бисёрҷониба қарздор аст.
Ҳамчунин ҳаҷми назарраси қарзҳо аз ҳисоби ҷойгир кардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалии молиявӣ (евробондҳо) ба маблағи 500 млн доллар ба вуҷуд омадаанд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан ҳукумати Тоҷикистон ба Чин пешниҳод кард, ки бо назардошти оқибатҳои пандемияи коронавируси нав шартҳои уҳдадориҳои қарзии кишварро сабуктар созад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Минеральные источники в Центральной Азии: где согреться в наступившие холода?
Эмомали Рахмон подписал свыше 30 новых законов
В Таджикистане официально признаны безработными 49 тысяч человек
В Душанбе проходит международный фестиваль «Танец объединяет нас»
В Узбекистане пресекли ввоз более 50 кг наркотиков из Таджикистана
Представители Таджикистана приняли участие в крупнейшем саммите Biban Global в Эр-Рияде
"Озоди": В Косово задержали гражданку Таджикистана за шпионаж в пользу России
Два таджикских лидера бизнеса получили международную премию «Лидер СНГ»
На улицах Бохтара разрастаются кучи мусора. Кто виноват?
«Придумали в Китае»: пять великих открытий и изобретений Поднебесной
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста