Нисбат ба 6 моҳи соли 2019 нимсолаи аввали соли ҷорӣ даромади операторони хусусии алоқа дар ҷумҳурӣ 77 млн сомонӣ (ҳудуди 7,5 млн доллар) афзуд.
Бино ба маълуомти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар зарфи 7 моҳа онҳо 1 млрд 214 млн сомонӣ даромад ба даст овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 6,8% зиёдтар аст.
Дар ҳамин давраи соли 2019 даромади операторони хусусии алоқаи Тоҷикистон ба 1 млрд 137 млн сомонӣ баробар шуда буд.
Ҳиссаи операторони хусусӣ дар бозори хизматрасонии соҳаи алоқаи кишвар 94%-ро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, даромадҳои оператори миллии алоқа (“Тоҷиктелеком”), КВД “Почтаи тоҷик” ва воҳидҳои Хадамоти алоқа қариб ба андозаи 20% - аз 96,4 млн сомонӣ дар моҳҳои январ-июли соли гузашта то ба 77,3 млн сомонӣ дар ҳамин давраи соли равон кам шудааст.
То 1 июли соли равон шумори корбарони интернет дар Тоҷикистон беш аз 3 млн нафар муштариён ва теъдоди корбарони алоқаи мобилӣ - зиёда аз 5,9 млн нафарро ташкил додааст, ки ҳудуди 5,3 млн нафари онҳо муштариёни фаъол мебошанд.
Қобили зикр аст, ки даромади операторони хусусӣ тайи солҳои охир мунтазам коҳиш меёфт. Соли 2019 даромади онҳо қариб 5 млн сомонӣ кам шуда, андаке бештар аз 2,4 млрд сомониро ташкил дода буд.
Дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон чор ширкат - ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile, собиқ Beeline) мавқеи афзалиятнок доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста