Ба кор даромадани корхонаи бузурги коркарди нафт, ки дар Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и “Данғара” сохта шудааст, бинобар сабаби мавҷуд набудани ашёи хом бо шартҳои қобили қабул ба таъхир меафтад.
“Корхона барои оғози фаъолият пурра омода буда, ҳамаи иншооти зерсохторӣ мавҷуд аст”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини роҳбари МОИ “Данғара” Сафаралӣ Тайфуров
Ӯ қайд кард, ки мушкили асосӣ таъмини корхона бо нафти хом аст.
Тайфуров таъкид дошт, ки айни замон ҷиҳати дастрас намудани ашёи хом бо ширкатҳо аз Эрону Қазоқистон ва Русия гуфтушунидҳо ҷараён доранд.
Зимнан зикр шуд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхона ба дарёфти нафт бо шартҳои қобили қабул вобаста аст, ки фаъолияти пурсамари корхонаро таъмин карда тавонад.
Сохтмони корхонаи коркарди нафт дар МОИ «Данғара» бо иқтидори солонаи 1,2 млн. тонна нафт соли 2014 шурӯъ шуд. Корхонаро ширкати муштараки TK-oil-и Тоҷикистону Чин бунёд кард, ки аз ҷониби ширкатҳои чинии Dong Ying heli Investment and Development ва «Ҳасан ва Ко»-и Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Ҳиссаи Чин дар лоиҳа - 90 фоиз ва Тоҷикистон - 10 фоизро ташкил медиҳад.
Сохтмони корхона ҳанӯз ду сол пеш ба итмом расида, лекин ба истифода додани он то ҳол мавқуф гузошта мешавад.
Дар марҳилаи аввали фаъолияти корхона истеҳсол сӯзишвории дизелӣ, ҳамчунин бензини пастоктании навъи АИ-80, АИ-92 ва битуми сохтмонӣ дар назар буд.
Дар марҳилаи минбаъда корхона ният дошт, ки истеҳсоли тамғаҳои аврупоии бензини Евро-4 ва Евро-5, ҳамчунин гази моеъ, сӯзишвории дизелӣ, парафин ва битуми сохтмониро ба роҳ монад.
Дар назар буд, ки қисмате аз маҳсулоти корхона дар дохили ҷумҳурӣ фурӯхта шуда, бо ин мақсад дар саросари кишвар нуқтаҳои фурӯши худии сӯзишворӣ сохта мешавад.
Ҳамчунин роҳандозии содироти қисмате аз маҳсулоти истеҳсолшуда дар корхона ба Афғонистон ба нақша гирифта шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 марта 2025 года
Наряды к Наврузу: где в Душанбе найти эксклюзивные образы к празднику?
Кто такая Латифа аш-Шараа — первая леди Сирии?
В Алматы наградили мужчину, спасшего заложницу в аэропорту
Что даст Центральной Азии транспортное развитие Афганистана?
Бизнес с женским лицом: как Шахло Ватанова строит текстильный бизнес и вдохновляет женщин
Трамп заявил, что Украина «может не выжить» даже при наличии помощи США
В Сирии убиты около тысячи алавитов-сторонников бывшего президента страны Башара Асада
Шараф Давлатмуродов одержал первую победу в лиге LFA
Стоимость утилизации автомобилей в Таджикистане возрастет до 16 тысяч сомони?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста