Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон пойгоҳ (платформа)-и электрониеро боз намуд, ки ба анҷоми фосилавии расмиёти гирифтани иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи саноат имкон медиҳад.
Дар Вазорати саноат қайд мекунанд, ки барномаи электронӣ барои саривақт иҷро намудани дастурҳои марбутаи ҳукумати кишвар дар доираи иқдомҳои дастгирии соҳибкорон таъсис дода шудааст.
Таъкид мешавад, ки бо роҳандозии пойгоҳи мазкур зарурати ба сохторҳои дахлдор шахсан рафтани аризадиҳанда аз байн рафта, он ба рафъи монеъаҳои сунъӣ мусоидат мекунад ва ба гирифтани иҷозатнома тавассути технологияи муосир бар асоси шаффоф ва сода имкон фароҳам меоварад.
Барномаи электронӣ аз номгӯи фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи саноат ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани иҷозатнома иборат аст.
Дар барнома барои пардохти боҷи давлатӣ барои гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ тариқи низоми бонкӣ имкон дода мешавад.
Хоҳишмандони оғози кор дар соҳаи саноат барои дарёфти ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ бо суроғаи электронии ijozatnoma.tj муроҷиат карда метавонанд.
Нишондиҳандаҳои соҳа
Бино ба маълумоти Вазорати саноат, соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 106 корхонаи нави саноатӣ ва 87 коргоҳҳо ба фаъолият оғоз намуданд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 2251 корхона фаъолият доранд, аз ҷумла 226 корхона дар соҳаи саноати истихроҷ, 1828 – саноати коркард, 76 – дар самти таъмин бо барқу газ ва гармӣ, 81 – дар бахши таъминот бо об ва коркарди партовҳо.
Давоми моҳҳои январ-октябр дар ин корхонаву коргоҳҳо ба маблағи умумии зиёда аз 24,3 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки 10,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Ҳиссаи саноати коркард дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 62,5%, таъмин бо барқу газ ва гармӣ – 24,1%, саноати истихроҷ – 13,8% ва таъминот бо обу коркарди партовҳо – 0,6%-ро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки ҳиссаи саноат дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар ба 17,9% баробар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.