Тағйирот ба Кодекси андози Тоҷикистон вобаста ба “андозбандии Google”, ки дар онҳо андозбандии хизматрасониҳои электронӣ пешбинӣ мешавад, аз 16 январ мавриди амал қарор мегирад. Ба корбарони ҳамёнҳои электронӣ, аз ҷумла “Алиф Бонк” аллакай огоҳинома ирсол шудааст, ки пардохтҳоро барои реклама дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бозиҳои онлайнӣ, доменҳои хориҷӣ ва хостингҳо то 15 январ мебояд анҷом дод.
Тибқи маълумоти Вазорати адлия, қонуни ҶТ “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози ҶТ” рӯзи 9 декабр аз ҷониби палатаи болоии парлумон маъқул дониста шуда, 17 декабри соли 2020 президенти ҷумҳурӣ онро ба имзо расонид.
Мутаносибан тағйироту иловаҳо аз 16 январи соли 2021 - як моҳ пас аз нашри расмӣ мавриди амал қарор мегиранд.
Дар сомонаи Кумитаи андози ҷумҳурӣ дар ин робита қайд мешавад, ки ин тасмим дар робита ба рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва савдои интернетӣ гирифта шудааст ва ҳангоми ворид намудани тағйирот ба Кодекс, таҷрибаи беҳтарини кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Испания ва ғайра истифода шудааст.
Мувофмиқи тағйироту иловаҳо, шахсони хориҷӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон мустақиман ба пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ машғуланд, ба пардохти ААИ дар ҳаҷми 18% ба буҷети кишвар уҳдадор мешаванд.
Ғайр аз ин, тибқи навовариҳо, расмиёти бақайдгирии иҷрокунандагони хизматрасониҳои электронӣ, ки мустақиман ба ин кор машғуланд, инчунин миёнаравҳо (агентҳо)-и андоз аз ҷониби мақомоти андоз бар асоси ариза дар бораи ба қайд гузоштан амалӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, ариза бояд на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз замони оғози пешниҳоди хизматрасониҳо дода шавад.
Лекин ҳоло маълум нест, ки Google, Facebook ва дигар ширкатҳои бузурги машғул ба хизматрасониҳои электронӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар ин бора огоҳ карда шудаанд ва оё онҳо расмиёти бақайдгириро анҷом додаанд ё на.
Аммо “Алиф Бонк” муштариёни худро дар ин хусус аллакай огоҳ кард:
“Аз 16 январ хизматрасониҳое чун пардохти маблағи шабакаҳои иҷтимоӣ, бозиҳои онлайнӣ, доменҳои хориҷӣ ва хостингҳо дар робита ба тағйирот дар қонунгузории андоз дастнорас мешаванд. Агар шумо аз ин хизматрасониҳо истифода мекарда бошед, пас тавсия медиҳем, ки пардохтҳои заруриро то 15 январ анҷом диҳед”, - гуфта мешавад дар огоҳиномаи ҳамёни электронии Alif mobi.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Спикер парламента Ирана прибудет в Таджикистан. Какова цель визита Калибофа?
Сына бен Ладена депортировали из Франции. Ему запрещен въезд в страну
Как сохранить ягнобский язык?
Ассоциация охотников Таджикистана выделила 2,1 млн сомони на развитие отдаленных районов
Дело P. Diddy. Что на самом деле происходило на вечеринках рэпера?
Министр транспорта Таджикистана поручил подготовить дороги к зиме
Тайны китайских праздников: от гонок на драконьих лодках до волшебных фонарей
Исчезающие. Все больше растений и животных в Таджикистане становятся редкими из-за изменения климата
Горный Бадахшан получил уголь по доступной цене и помощь для нуждающихся
В Согдийской области сотрудник суда обвинен в мошенничестве
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста