Сатҳи миёнаи пардохт аз оғози соли 2020 (бо назардошти ҳисоббаробаркуниҳо) на зиёдтар аз ҳадди 58% аз барқи иниқолёфтаро ташкил дода, ба идомаи афзоиши қарз назди неругоҳ боис мегардад, қайд мешавад дар иттилоияи ҶСК “НБО Сангтӯда-1”.
“Соли 2020 қарзи андӯхтаи тиҷоратии ШСХК “Барқи тоҷик” назди ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ба андозаи 293,5 млн сомонӣ афзуда, ба ҳолати 31-уми декабри соли 2020 - 1,6 млрд сомониро ташкил дод”, - омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, соли 2020 неругоҳи “Сангтӯда-1” ба ширкати “Барқи тоҷик” наздики 2,2 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол дод, ки 4,8% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 мебошад.
Зикр мегардад, ки коэффисиенти истифодаи иқтидори насбшуда ҳамагӣ 37,4%-ро ташкил дод.
“Коҳиши коэффисиенти истифодаи иқтидори насбшуда ба андозаи 2% нисбат ба соли 2019 ба камшавии ҳаҷми харидории барқ аз ҷониби ягона харидор - ШСХК “Барқи тоҷик” вобаста аст”, - таъкид мекунанд дар неругоҳ.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки моҳи декабри соли 2020 тариқи баргузории ҳисоббаробаркуниҳои уҳдадориҳои андозӣ қарз аз андози ҶСК “НБО Сангтӯда-1” назди Буҷети давлатии Тоҷикистон 98,5 млн сомонӣ кам шуд. Ба ҳамин маблағ қарзи андӯхтаи ШСХК “Барқи тоҷик” назди Ҷамъият қисман кам шуд.
ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст. Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии неругоҳ – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.
Иқтидори насбшудаи неругоҳи “Сангтӯда-1” 670 МВт-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми миёнаи истеҳсоли шабонарӯзии нерӯи барқ дар “Сангтӯда-1” ба ҳудуди 8,4 млн кВт/соат баробар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста