Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳолати 1 апрели соли равон 3 млрд 243,5 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Дар муқоиса бо нишондиҳандаи аввали соли ҷорӣ он 200 ҳазор доллар камтар мебошад.
Таносуби қарзи хориҷӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и соли гузашта икишвар (7,9 млрд доллар) ба ҳолати аввали семоҳаи дуюми соли равон 41%-ро ташкил дод.
Дар сохтори қарзи хориҷии кишвар 96,6% (3 млрд 132,3 млн доллараш)-ро қарзи бевоситаи давлатӣ ташкил медиҳад, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад.
Ҳаҷми қарз бо кафолати давлат 97,4 млн доллар, қарзи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) назди Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) барои дастгирии тавозуни пардохтӣ - 11,1 млн долларро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин БМТ то 1 апрели соли ҷорӣ ба ҳукумати Чин (1 млн доллар) ва Бонки исломии рушд (1,7 млн доллар) қарздор аст.
Давоми соли 2020 қарзи берунаи Тоҷикистон 300 млн доллар зиёд шуд. Он асосан аз ҳисоби қарзи ХБА дар моҳи майи соли гузашта ба маблағи ҳудуди 190 млн доллар, инчунин қарзи Фонди авруосиёии суботу рушд ба маблағи 50 млн доллар афзуд.
Соли 2020 барои пардохти қарзи хориҷӣ зиёда аз 190 млн доллар маблағи буҷет равона гардида, имсол низ равона кардани ҳамин миқдор маблағ дар назар аст.
Қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон Чин боқӣ монда, ҳамчунин ҷумҳурӣ дар ҳаҷми нисбатан зиёдтар ба Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва Хазинаи байнулмилалии асъор қарздор аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста