Сарфи назар аз вазъияти сиёсӣ дар Афғонистон, содироти барқ ба ин кишвар боздошта нашуд, хабар дод вазири энергетика ва захираҳои обии ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои электроэнергнетикии ду кишвар дар бораи содироти барқ ба Афғрнистон дар соли 2021 дар ҳаҷми 1,5 млрд кВт/соат қарордод ба имзо расонидаанд.
“То ин дам ягон қафомонӣ аз ҷадвали интиқоли барқ ба кишвари ҳамсоя ба мушоҳида нарасидааст, содирот мувофиқи нақшаи пешбинишуда ҷараён дорад”, - иброз дошт вазир.
Ӯ илова намуд, ки интиқоли барқ асосан дар мавсими баҳору тобистон - аз моҳи май то моҳи сентябр сурат мегирад.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, дар нимсодаи аввали соли ҷорӣ ба кишварҳои ҳамсоя зиёда аз 917 млн кВт/соат неруи барқ содир шудааст, ки 5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад.
Дар зарфи 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон зиёда аз 10 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 170 млн кВт/соат камтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 аст.
Электроэнергия қариб 65% аз ҳаҷми содироти Тоҷикистонро ба Афғонистон ташкил медиҳад. Соли гузашта энергетикҳои тоҷик аз ҳисоби содироти барқ ҳудуди 45 млн доллар даромад ба даст оварданд.
Афғонистон барои 1 кВт/соат барқи Тоҷикистон 3 сент (бо хати интиқоли барқи 110кв) ва 4,5 сент (бо ХИБ 220 кВ) маблағ пардохт мекунад. Қисмати асосии барқ бо хати 220 кВ интиқол меёбад.
Ба ҷуз Афғонистон, дар мавсими баҳору тобистон неруи барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон низ содир мешавад.
Қобили зикр аст, ки сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон айни замон қариб пурра зери назорати гурӯҳи “Толибон” аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста