Бонки марказии Русия ҳаҷми интиқоли фаромарзии маблағҳоро, ки тариқи низомҳои пардохт тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ сурат гирифтаанд, нашр кард.
Ҳаҷми умумии интиқоли маблағ ба Тоҷикистон дар ин давра 752,4 млн долларро ташкил додааст, ки 10,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.
Давоми моҳҳои январ-июни соли 2020 тариқи низомҳои пардохт ба ҷумҳурӣ ҳудуди 679 млн доллар фиристода шуда буд.
Интиқоли пул тавассути низомҳои пардохт дар семоҳаи дуюми соли равон аз 327,9 млн доллар то ба 424,5 млн доллар боло рафтанд.
Ҳаҷми як интиқоли пул дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҳисоби миёна 139 доллар ва дар семоҳаи дуюм - 154 долларро ташкил додааст.
Байни кишварҳои узви ИДМ дар муқоиса бо Тоҷикистон дар ин давра аз Русия танҳо ба Ӯзбекистон зиёдтар - ҳудуди 1,3 млрд доллар маблағ фиристода шудааст.
Дар ин давра аз Русия ба Қирғизистон каме бештар аз 460 млн доллар маблағ интиқол дода шудааст.
Ёдрас мекунем, ки аз моҳи декабри соли 2019 чунин интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон тавассути Маркази миллии протссесингӣ оид ба интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб сурат мегиранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста