Дар форуми тиҷоратӣ дар доираи сафари расмии дурӯзаи сарвазири Покистон Имрон Хон ба Тоҷикистон зиёда аз 70 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратӣ иштирок мекунанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ.
Дар Кумита зикр карданд, ки ҳадаф аз баргузории форум густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни кишварҳо мебошад.
Тоҷикистону Покситон бо ҳам чӣ робита доранд?
Тоҷикистон бо Покистон робитаҳои сармоягузории махсус надорад, ҳадди ақалл дар омори расмии Тоҷикистон ин зикр намешавад.
Дуруст аст, ки ду сол пеш Покистон ба сифати кумаки бебозгашт ба Тоҷикистон барои сохтмони айвончаҳои зиддитарма (галерея) дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд 5 млн доллар ҷудо кард.
Дар муқоиса бо соли 2019 ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Покистон дар соли 2020 ба андозаи 55% коҳиш ёфта, ҳамагӣ ҳудуди 26 млн долларро ташкил дод, ки ба 0,5% аз ҳаҷми умумии гардиши моли Тоҷикистон дар соли гузашта баробар аст.
Тиҷорати миёни ду кишвар асосан аз воридоти дорувории тиббӣ ва маҳсулоти кишоварзии Покистон, асосан картошка ба Тоҷикистон иборат аст.
Дар дурнамои миёнамуҳлат Тоҷикистон дар назар дошт, ки пас аз анҷоми сохтмони хати интиқоли барқи CASA-1000 дар мавсими тобистон ба Покистон неруи барқ содирот мекунад.
Кишварҳои иштирокчии ин лоиҳа (Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон) ҳатто байни худ нархи барқро мувофиқа сохта буданд. Ба ин тариқ, мувофиқа ҳосил шуда буд, ки Покистон ба 1 кВт/соат неруи барқ аз Тоҷикистон 9,4 сент (5,1 сент ба истеҳсолкунанда ва 4,3 сент барои транзит) пардохт мекунад.
Барои муқоиса, айни замон 1 кВт/соат неруи барқро Тоҷикистон ба Афғонистон бо нархи 4,5 сент мефурӯшад.
Аммо охири моҳи августи соли равон ВАО-и Покистон хабар доданд, ки ҳукумати ин кишвар бозбинии шартҳои интиқоли барқро аз Тоҷикистон - поин овардани нархи 1 киловатти онро то 3 сент ба нақша гирифтааст.
Дар маълумот зикр гардида буд, ки Чин ба сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар Покистон оғоз намуда, то соли 2030 дар маҷмӯъ бунёди 10-то чунин неругоҳ дар назар аст, ки иқтидори умумиашон тақрибан 20 ҳазор МВт-ро ташкил медиҳад.
Иқтидори умумии неругоҳҳои барқии амалкунанда дар Тоҷикистон ҳамагӣ ба 6 ҳазор МВт баробар аст.
Зикр мегардад, ки соли 2015 Покистон ва Чин дар бораи бунёди долони иқтисодии СПЕС (Долони иқтисодии Чину Покистон) қарордод бастанд. Барои амалисозии як баста лоиҳаҳо дар доираи ин долон Чин зиёда аз 62 млрд доллар маблағ равона мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.