Дар кори Ярмаркаи VII байнулмилалии савдои “Суғд-2021”, ки маросими ифтитоҳаш 20 октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд доир гардид, зиёда аз 200 намояндагони тиҷорат аз вилоятҳои Бурятия, Липетск, Твер, Самара, Воронеж ва Томски Русия, вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғона ва Намангони Ӯзбекистон, инчунин минтақаҳои Тоҷикистон иштирок карданд.
“Вилояти Суғд чун водии имкониятҳо шинохта шуда, барои амалисозии тарҳҳои муштарак дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ имконоту захираҳои истифоданашуда зиёд аст ва Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2021" шароит фароҳам меоварад, ки доираҳои тиҷоратии кишварҳо миёни ҳам мубодилаи иттилоъ намуда, баҳри роҳандозии иқдомҳои наву самаровар чораҷӯӣ намоянд. Танҳо дар соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд зиёда аз 1,5 млрд долларро ташкил дод. Имрӯз аз вилояти Суғд ба беш аз 15 кишвари ҷаҳон маҳсулоти гуногун содир мешавад”, - гуфт дар маросими ифтитоҳи ярмарка раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода.
Давоми рӯз иштирокчиён ва меҳмонони ярмарка инчунин дар шакли B2B гуфтушунид намуда, дар ду ҷаласаи мавзӯӣ: "Ҳидояткорӣ барои рушди соҳибкории занон" ва "Дурнамои рушди технологияҳои рақамӣ" иштирок карданд.
Дар анҷоми кори ярмарка ғолибони озмунҳои “Маҳсулоти беҳтарин”, “Ороишоти беҳтарини гӯша” эълон карда мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Два взгляда на сериал «Переходный возраст»: что говорят специалисты Центральной Азии о подростках и диалоге
В Тегеране пройдет заседание совместной комиссии Таджикистана и Ирана по торгово-экономическому и культурному сотрудничеству
В Москве ушла из жизни Людмила Шотемур
США пригрозили Китаю пошлинами до 245%
Экономике Таджикистана предрекают замедление роста из-за сокращения денег мигрантов
ICT WEEK 2025: Душанбе стал центром технологического будущего Таджикистана
Какое место может занять Центральная Азия на рынке критически важных минералов?
От токсичного дыма к менее вредным альтернативам: как мир борется с курением
Байден раскритиковал Трампа, ни разу не назвав его по имени
В Дангаре успешно провели первую операцию по трансплантации печени
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста