Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2021 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 89,4 млн доллар неруи барқ содир намуд, ки 36,1 млн доллар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.
Тавре Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, тайи моҳи ахир ва тақрибан ҳамин миқдор дар моҳи август Тоҷикистон аз интиқоли барқ ба хориҷи кишвар ҳудуди 17 млн доллар маблағ ба даст овард.
Бозори фурӯши барқи Тоҷикистон Ӯзбекистон ва Афғонистон мебошанд, ки қариб дар ҳаҷми якхела барқ мегиранд. Ин ба он вобаста аст, ки дар қарордодҳои бо ин кишварҳо имзошуда барои соли 2021 ҳаҷми баробари интиқоли барқ – 1,5 млр кВт/соатӣ пешбинӣ шудааст.
Барои 1 кВт/соат барқ Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 2 сент ва Афғонистон 3 сент тариқи хати 110 кВ ва 4,5 сент - тариқи хати интиқоли барқи 220кВ маблағ пардохт мекунанд.
Қаблан пас аз қудратро ба даст гирифтани толибон, ширкати энергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон хабар дода буд, ки қарзи Афғонистон аз пардохти истифодаи барқ назди кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон ҳудуди 62 млн долларро ташкил медиҳад. Ширкат дархост намуд, ки интиқоли барқро қтъ накунанд ва ваъда дод, ки қарзро пардохт мекунад.
Сохторҳои марбутаи Тоҷикистон аз шарҳи вазъияти вобаста ба содироти барқ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Афғонистон худдорӣ меварзанд.
Аввали ҳамин моҳ Тоҷикистон ба интиқоли барқ ба Қирғизистон низ шурӯъ намуда, аммо ба гуфтаи муовини вазири энергетикаи ин кишвар Досқул Бекмурзаев, Тоҷикистон интиқоли барқро ба Қирғизистон пас аз чор рӯзи оғози он қатъ кард, зеро дар он ҷо дар ин хусус сарусадоҳо баланд шуданд.
Дар ҳамин ҳол, аз оғози даҳаи дуюми моҳи октябр дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон тез-тез ва ба муддати зиёд қатъ шудани интиқоли барқ шурӯъ шуд.
“Барқи тоҷик” сабаби инро “баргузории корҳои нақшавии таъмиру навсозӣ, ки барои омодагии хатҳои интиқоли барқ зарур аст”, шарҳ медиҳад.
Тибқи маълумоти расмии оморӣ, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 15,9 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 7,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Афиша от «Азия-Плюс»: Вечер киномузыки Болливуда, спектакль «Женитьба» и лекция о путешествиях
Бензин в Таджикистане – самый дорогой в Центральной Азии
Более 58% детей мигрантов в РФ показали хорошее знание русского языка – исследование
Путин: «Ситуация с курсом рубля под контролем, оснований для паники нет»
Президент Грузии вышла на протест против приостановления переговоров о вступлении в ЕС
Сборная Таджикистана поднялась в рейтинге ФИФА
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 29 ноября 2024 года
Как в Таджикистане дискриминируют беременных женщин
Что сказал Эмомали Рахмон коллегам по ОДКБ?
Путин на заседании ОДКБ объявил о начале серийного производства «Орешника»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста