Тоҷикистон мувофиқи созишномаи имзошуда бо Афғонистон соли равон ба ин кишвар 1,5 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол медиҳад, менависад ИНТЕРФАКС бо истинод ба муовини намояндаи расмии ҳаракати “Толибон” Иномулло Самангонӣ.
“Мутобиқи созишномаҳои нав байни Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон 1,5 млрд кВт/соат ва Ӯзбекистон - 2 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол медиҳанд”, - гуфтааст Самангонӣ.
Таъкид шудааст, ки арзиши солонаи қарордодҳо мутаносибан 69 млн ва 100 млн долларро ташкил медиҳад.
Қаблан ширкати “Барқи тоҷик” дар шарҳи имзои қарордод бо Афғонистон зикр кард, ки ин як қарордоди иловагии ҳанӯз соли 2008 баимзорасида ба созишномаи байни ҷонибҳо мебошад.
“Тибқи илова ба созишнома барои соли 2022, дар давраи баҳору тобистон (май-сентябр) Афғонистон аз Тоҷикистон ҳамарӯза 400 МВт/соат ва дар давраи тирамоҳу зимистон (октябр-апрел) - 25-30 МВт/соат барқ мегирад, ки “ба тавозуни умумии таъминот бо барқ дар кишвар таъсир намерасонад”, - зикр гардида буд дар хабар.
Барои 1 кВт/соат барқ Афғонистон 3 сент тариқи хати 110 кВ ва 4,5 сент - тариқи хати интиқоли барқи 220 кВ маблағ пардохт мекунад.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 94 млн доллар ба хориҷи кишвар неруи барқ интиқол додааст, ки ду баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста