Зимни мулоқот бо ҷалби кормандони соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе рӯзи 18 январ зикр шуд, ки имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ҷараён дорад.
Тавре дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, муовини раиси пойтахт Фирдавс Саидзода изҳор намуд, ки имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 млрд сомонӣ идома дорад, ки “барои ба кишвари муосири транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад”.
Дар ин вохӯрӣ ба ҳозирин бандҳои муҳими Паёми ҳамасолаи президенти ҷумҳурӣ ба парлумон шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 12 январ дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли 2021 раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ изҳор дошта буд, ки азнавсозӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори пойтахт, махсусан, таҷдиду азнавсозии роҳҳо заминаи муҳими рушди минбаъдаи шаҳр маҳсуб меёбад.
“Дар зарфи 5 соли охир дар пойтахт 162 километр роҳҳо азнавсозӣ карда шудаанд, ки 7,7 километри он ба соли сипаришуда рост меояд. Мақомот ҷиҳати пешгирӣ кардани воридшавии сел ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳр то имрӯз 16 километр шабакаҳои селпарто сохта, ба истифода дода шудаанд”, - гуфт ӯ.
Ҳамчунин зикр шуд, ки бо мақсади дастгирии соҳаи роҳсозӣ дастгоҳи истеҳсоли асфалти аълосифат бо иқтидори 160 тонна дар як соат ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ бо иқтидори 140 тонна дар як соат ба маблағи 16 млн сомонӣ харидорӣ гардид, ки соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.
Рустами Эмомалӣ зикр кард, ки барои санҷиши масолеҳи сохтмони роҳ соли ҷорӣ аз Ҷумҳурии Италия 110 дастгоҳи озмоишгоҳӣ ворид мегардад ва ҳамаи ин иқдомот баҳри баланд бардоштани сифати масолеҳи роҳсозӣ ва сохтмони роҳҳо равона шудаанд.
Раиси пойтахт вобаста ба ҳолатҳои кашол додани муҳлати иҷрои корҳо дар баъзе иншооти роҳсозӣ, истифодаи масолеҳи пастсифат ва баъди ба истифода додани роҳҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳ пайдо шудани ноҳамвориҳо, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои соҳа ва дар муҳлати муқарраршуда мутобиқ ба стандартҳои муосир сохта ба истифода додани роҳҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Главный геолог Таджикистана объяснил, для кого рассекретят данные о золотоносном месторождении на Памире
Вслед за Таджикистаном. В Кыргызстане предложили урегулировать проведение свадеб и похорон
Центр по химической и биологической безопасности в Таджикистане получил статус регионального для стран Центральной Азии
Выдворять сможет и полиция. Что изменится с февраля для мигрантов в России?
Схватка бойцов с разными стилями. Победит ли Мухаммад Наимов своего соперника на турнире UFC в Эр-Рияде?
Садыр Жапаров: «С таджикско-кыргызской границы переселят жителей двух стран, чьи дома расположены в шахматном порядке»
Евросоюз приостановил безвизовый режим для грузинских чиновников
ЖКХ Таджикистана: Доступ населения к чистой воде растет, нагрузки на коммунальную инфраструктуру – тоже
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 28 января 2025 года
Покажи мне свою тюбетейку, и я скажу, кто ты. Чем мы удивим ЮНЕСКО?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста