Давоми як соли ахир 302 кормандони мақомоти андоз дар Суғд танбеҳи қатъӣ гирифта, 32 нафар сарзаниш ва 70 кас аз мансаб барканор шудаанд.
Дар ин бора Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати андоз дар Суғд зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, вале сабабҳои танбеҳ гирифтану сарзаниш шудан ва аз мақом барканор шудани кормандонашро шарҳ надод. Вай гуфт, дар ин давра 128 нафари дигар дар ин ниҳод соҳиби мансаб шуданд.
Мақомоти андоз нисбати кормандонаш беҳад сахтгир аст. Мо пештар дар нимсол баъдан дар семоҳ ва ҳоло моҳона фаъолияти кормандонро месанҷем”.-гуфт Абдуқаюм Воҳидов
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта се корманди андоз бо ҷурми ҷинояти қаллобӣ гумонбар шуданд. Абдуқаюм Воҳидов аз ин кормандонаш Зарина Раҳмонова, Далер Ӯлмасов, Боймурод Каримов ном бурда мегӯяд, бар асоси моддаи 247 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ гумонбар мешаванд. “Аз инҳо як кас сармутахассис, ду каси дигар мутахассиси нозироти андоз буданд”-афзуд, сардори Раёсати андоз, вале ҷузъиёти парвандаи онҳоро шарҳ надод.
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 2-юми феврали ниҳоди зери раҳбарияш низ эътироф карда буд, ки соли гузашта 12 нафар корманди ниҳоди зери раҳбарияш даст ба фасод задаанд. Вай гуфт, ки соли 2021 дар маҷмуъ 14 ҳолати коррупсионӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 нафар зиёд мебошад.
Ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода дар ин давра 42 нафар корманди Кумитаи андоз барои роҳ додан ба камбудиҳо аз кор ронда шуданд, ки байнашон шахсоне ҳам буданд, ки мансабҳои роҳбарикунанда доштанд.
«Новобаста аз он, ки чораҳои зиёд дар кумита андешида мешавад, мутаассифона камбудиҳо ҷо дорад. Ҷиҳати пешгирӣ кардани ин амалҳо пайваста дар ҷаласаҳо низ чораҷӯйӣ мекунем».-гуфт, раиси Кумитаи андоз.
Дар Тоҷикистон ба далели баланд будани сатҳи андоз, шикоятҳои мақомот аз рӯйпӯш кардани андоз зиёд аст, ки дар аксари маврид бо ҳамдастии нозирони андоз сурат мегирад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста