Ҷумҳурии Мисри Араб мехоҳад дар Тоҷикистон намояндагиҳои бонкҳояшро боз кунад. Ин пешниҳодро ҳайати сармоягузории Миср дар мулоқот бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз кардаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба ифтитоҳи намояндагиҳои бонкҳои Мисри Араб дар Тоҷикистон дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо раиси ҳайати сармоягузорони Миср, Осама Муҳаммад Камол дар Душанбе баррасӣ шудааст.
Холиқзода гуфтааст, ки дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақим ва фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ дар бахши иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ шароити созгор ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудааст.Раиси Бонки миллӣ таъкид кардааст, ки ҷалби сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ буда, роҳандозии ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мисри Араб дар самти сармоягузорӣ барои роҳандозии лоиҳаҳои гуногун ва сармоягузории бахши бонкӣ ва суғурта ба мақсад мувофиқ мебошад.
Осама Муҳаммадд Камол ҳавасмандии худро дар мавриди имкониати сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ баён кардааст.
Ҳамчунин дар ин мулоқот масъалаҳои марбут ба имконоти саҳмгузорӣ ба сармояи бонкҳои Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони ин кишвар, кушодани ташкилоти суғуртавӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Миср дар самтҳои гуногуни низоми бонкӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста