Дар Ашқобод намояндагони Тоҷикистон ва Туркманистон масъалаи имкони таъсиси корхонаи муштараки коркади нафтро баррасӣ карданд.
Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода рӯзи 20 май бо директори генералии ҶСП (NAPECO)-и Туркманистон Мақсат Пирлиев дидору гуфтушунид кард.
Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои иқтисодӣ-тиҷоратии дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати таъсиси корхонаи муштараки коркарди нафт ва маҳсулотҳои нафтӣ, аз ҷумла имкони интиқоли нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон, табодули назар намуданд.
Соли 2021 Туркманистон содироти гази моеъро ба Тоҷикистон ба роҳ монда, охири соли гузашта ҳаҷми содироти ин навъи сӯзишворӣ 5 ҳазор тоннаро ташкил дод. Душанбе изҳор дошт, ки ният дорад ҳаҷми харидро зиёд кунад.
Қаблан зимни сафари расмии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммедов имконоти густариши ҳамкориҳо баррасӣ шуданд.
Ҳамкорӣ дар бахшҳои сӯзишворӣ ва энергетика, нақлиёту саноат ва кишоварзӣ, роҳандозии силсилаи мукаммали истеҳсоли маҳсулот аз пахта аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ номбар шуд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон соли 1993 роҳандозӣ шуда, заминаи меъёриву ҳуқуқии он зиёда аз 100 санадро дар бар мегирад. Байни кишварҳо Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ амал мекунад. Ҷаласаи 10-уми ин комиссия моҳи июли соли 2021 дар Душанбе баргузор шуд.