Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон даҳҳо соҳибкорро барои боло бурдани нархи маҳсулот беш аз 2 млн сомонӣ ҷарима кардааст.
Дафтари матбуоти ин ниҳод бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, масъулини ин ниҳод дар пайи 74 санҷиши нақшавӣ ва ғайринақшавӣ дар семоҳаи аввали соли 2022 фурӯшандаҳо ва воридкунандагони маҳсулоти ниёзи аввалияро ба маблағи 2 миллиону 47 ҳазору 495 сомонӣ ҷарима кардаанд.
Ба таъкиди ин ниҳод, аз ҳисоби соҳибкорони ҷаримашуда 619 ҳазору 546 сомонӣ ба буҷа ворид шудааст.
- Дар маҷмуъ, дар семоҳаи якуми соли 2022 аз рӯи натиҷаи 74 санҷишҳои гузаронидашудаи нақшавӣ, ғайринақшавӣ ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маблағи 2 миллиони 47 ҳазору 495 сомонӣ аз ҳисоби вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ ошкор гардида, маблағи 25 ҳазору 280 сомонӣ ҷарима карда шудааст. Аз миқдори маблағи зикршуда ҳаҷми 619546,84 сомонӣ ба Буҷети давлатӣ гузаронида шудааст, - гуфтанд аз Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон.
Ҷаримаи даҳҳо соҳибкори тоҷик дар ҳолест, ки сокинон аз баланд бардоштани нархи маҳсулот аз ҷониби фурӯшандаҳо пайваста шикоят мекунанд. Махсусан, нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, ба мисли орд, равған, гӯшт, шакар, биринҷ ва ғайра тайи як соли охир ба ҳадди гушношунид баланд шуданд. Масалан агар як сол пештар нархи як халта орди 50 кг 270 сомониро ташкил медод, ҳоло дар бозорҳо он аз 370 то 400 сомонӣ нарх дорад. Ҳамин тариқ, нархи равған ҳам назар ба як соли пеш қариб як баробар гарон шудааст.
Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳамеша аз назорати бозор ва танзими нархи 19 маҳсулоти ниёзи аввалия, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар тасдиқ шудааст, таъкид мекунанд, вале сокинон мегӯянд, кӯшиши онҳо самаре намедиҳад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста